Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигораи 23-сола баъд аз як соли таҳсил дар Амрико ва ошноӣ бо ҷомеаи ин кишвар ба Тоҷикистон баргашт. Аммо ҳоло мехоҳад барои иқомати доимӣ дубора ба Ғарб куч бубандад.

Вай мегӯяд, ҳоло омода аст аз рӯйи имкон дар Амрико ё Канада ва ё дар яке аз кишварҳои Аврупо зиндагӣ ихтиёр кунад. Бо ин ҳадаф Нигора барои дарёфти корти сабз, ки ҳақи иқомат дар ИМА-ро медиҳад, ба сохторҳои муҳоҷирати ин кишвар арзиа супоридааст:

«Дар он ҷо барои рушди шахсии ҷавонон имконоти фаровон мавҷуд аст. Дар кишвари мо бошад, маҳдудиятҳои зиёдро эҳсос мекунам. Дар он ҷо шахс ҳуқуқи инсонии худро пурра дарк мекунад, аммо дар ин ҷо бисёре аз ҳуқуқи инсон дар амал татбиқ намешаванд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ман ватани худро дӯст намедорам. Ман ҳам ватандӯстам, аммо мехоҳам ба зиндагии беҳтар даст ёбам. Дар он ҷо ба муваффақият зудтар метавон даст ёфт. Ин ҷо бошад аксари кор тавассути воситаву ошнобозӣ ба сомон мерасад. Ҷавони оддӣ то замони пайдо кардани роҳу восита зуд пир мешавад. Аз ин рӯ, ман кӯшиш мекунам, ки ба Амрико бикӯчам. Одат кардаам, ки ҳама корро то ба охир расонам, агар имсол бахт ба рӯям нахандид, соли дигар ҳам талошамро хоҳам кард».

Имрӯз дар Тоҷикистон шумори онҳое, ки мехоҳанд мисли Нигора дар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ зиндагӣ кунанд, хеле зиёданд. Аксар
"Ман ҳам ватандӯстам, аммо мехоҳам ба зиндагии беҳтар даст ёбам. Дар он ҷо ба муваффақият зудтар метавон даст ёфт. Ин ҷо бошад аксари кор тавассути воситаву ошнобозӣ ба сомон мерасад. "
ҷавонҳои муҷаррад ва ҳам хонаводаҳои ҷавону миёнсол, ки мехоҳанд масалан дар Амрико кору зиндагӣ кунанд, тавассути лотереяи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Амрико аризаи худро дар доираи барномаи корти сабз равон мекунанд. Аксари онҳое, ки дар бораи зиндагӣ дар хориҷа орзу мекунанд, бештар дар бораи ҳамин барномаи амрикоӣ иттило доранд, чунки дар бораи он мешавад расман тавассути интернет ё сафорати Амрико бохабар шуд. Вале дар бораи барномаҳои ҳамсони дарёфти ҳаққи иқомат, масалан дар Канада, иттило надоранд. Баъзе аз ин ҷавонҳо нахуст бо ҳадафи сайёҳат ё таҳсил ба ин кишварҳо сафар карда, баъдан талош мекунанд бо роҳҳои қонунӣ ва гоҳо ғайриқонунӣ дар он ҷо бимонанд.

Консули Амрико дар Тоҷикистон Элиза Вилсон мегӯяд, соли 2008 230 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи зиндагии доимӣ дар Амрикоро ба даст оварданд:
«Роҳҳои дарёфти чунин раводид гуногун аст. Аз ҷумла, тариқи лотерея. Ё тавассути дархости хешовандони наздик, ки шаҳрвандони Амрико ё ҳаққи истиқомати доимиро доранд, пешниҳод мегардад. Раводиди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато дода мешавад.»

Ба андешаи коршиносон, дар шароити феълии Тоҷикистон, ки беш аз 50 дарсади аҳолияш дар ҳоли фақру нодорӣ ба сар бурда, барои дарёфти қути лоямут ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ муҳоҷират карда, дучори мушкилоти фаровони ҳуқуқӣ мешаванд, ин гуна муҳоҷиратҳо бо роҳҳои расмӣ ва ё аз рӯи барномаҳои давлатӣ ба кишварҳои пешрафта ба манфиати кор аст. Зеро, барномаҳои давлатии муҳоҷират ба аҳли оилаи муҳоҷирон, имтиёзҳои хуби таҳсилу зиндагиро фароҳам меорад. Дилором Раҳматова, як таҳлилгари умури иҷтимоӣ, мегӯяд, агар чунин сафарҳо бар пояи барномаҳои ҳукуматӣ ва ё тавассути ширкатҳои расмӣ сурат мегирафт, беҳтар буд:
«Ҳар сол қариб 90.000 ҷавон мактабҳои оливу миёнаро хатм карда, қувваи кории кишвар маҳсуб меёбанд. Барои чӣ мо инро истифода накунем? Ба монанди ин як силсилаи чунин шартномаҳоро ташкил кардан лозим, ки ҷавонон тибқи он ба мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон сафар карда, касбу илм омӯзанд. На ин ки мисли ғулом ба корҳои сиёҳ машғул бошанд.»

Аммо паҳлӯи дигари ин масъала, он аст, ки маъмулан ба кишварҳои пешрафта ҷавонони донишманду болаёқат ҳиҷрат мекунанд ва
"Як силсилаи шартномаҳоеро ташкил кардан лозим, ки ҷавонон тибқи он ба мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон сафар карда, касбу илм омӯзанд. На ин ки мисли ғулом ба корҳои сиёҳ машғул бошанд.
баробари ба кишвари дилхоҳ сафар кардан талош мекунанд зиндагии бумиро дар он ҷо ҳамроҳи фарзандонашон ихтиёр кунанд. Ҷомеашинос Дилором Раҳматова мегӯяд, дар ин сурат ин сафарҳо бештар шакли муҳоҷирати зеҳнӣ ё ақлҳоро касб карда, ба ояндаи Тоҷикистон таъсири хеле манфӣ хоҳад дошт. Вай мегӯяд, баъйид аст, ки баъди 10-15 соли кору зиндагӣ дар хориҷа ин муттахассисон ба ватан баргарданд.
«Ҳамон хел роҳҳое ҷӯем, ки роҳҳои баргаштани онҳоро фароҳам орад. Ҷойҳои корие пайдо кунем, ки барои онҳо ҷолиб бошад. Ин, азбаски шартномаи давлатӣ аст, бигзор ин шартномаҳо идома ёбад. Зеро метавонад барои таъсиси ширкатҳои байнидавлатӣ замина гузорад. »

Аксар нафарони рӯзгордида мегӯянд, маъмулан, одам ҷои хуби зисту корашро ба сахтӣ тарк мекунад: барои ин асосан набуди шароити зиндагӣ, кор, ниёзмандӣ ва баҳонаҳои дигари иқтисодиву амниятӣ сабаб шуда метавонад. То замоне, ки дар Тоҷикистон мизони бекорӣ баланду имкониятҳои рушд маҳдуд бошад, нафарони зиёди огоҳ ҳаваси диёрҳои дигар хоҳанд кард.

Солҳои охир бо тавсеаи интернет ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ нафарони хоҳишманди зиндагӣ дар беруни Тоҷикистон ҳам бештар мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG