Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиё-ул-гадо


Садақа радди бало, ба қавли расули Худо... Садақа кунед, мардум, коратон барор мегирад. Дар бозор тамоми боратон дар сагҷаккиши аввал ба савдо меравад. Бо дуо даҳони раиси бозорро мебандам ва ў «Боз саҳмия хар!» гўён шуморо безор намекунад. Шумо метавонед, тамоми рўз аз бозор нагурезед ва агар коратон омад кунад, нонпулии кўдаконатонро ҷамъ намоед.

Ҳой, бародари айнакдори ман, аз афтат маълум, ки ту ҳам мисли профессори ҳамсояи ман, нонатро аз даҳанат канда баранд, хабар намеёбӣ. Ақаллан барои чашми дуздонро кўр кардан ягон танга парто... Чӣ? Ба мардикории Россия равон ҳастӣ?... Э-э... бечора... О, профессор барин айнак дорию... Хайр, ин тавр бошад, дуо мекунам, ки ба ту бе саҳмия билет... вай чи буд, чипта фурўшанд. Чӣ ба ман песонда нигоҳ мекуни?

Ҳа... Ту бародар, ба сару либоси тоза ва галстуки гардани ман нигоҳ карда ҳайрон нашав. Ин ҳам айнаки ту барин ягон маънои пасипардагӣ надорад. Яъне, ман гадои ҳақиқиам. Мепурсӣ, ки чӣ тавр ба ин рўз афтодам. Наздиктар биё, ман ҳамаашро ба ту нақл мекунам.

Ман як гадои муқаррарӣ будам. Ризқу рўзиамро аз ҳар куҷое Худо рост орад, ёфта мехўрдам. Касе ба ман ва ман ба касе кор надоштем.

Лекин, рўзе ҷавони бўзбалае ба наздам омаду даст ба киса бурд. Ман гумон кардам, ки вай ба ман ягон танга медиҳад. Аммо вай аз киса китобчаи сурхе бароварду, ба таги бинии ман давонд. Аз афташ, гумон кард, ки ман хонда метавонам.

Паҳлавон аз ман патент талаб кард. Ман аз рўи виҷдон гуфтам, ки чӣ будани онро намедонам ва маънои «Патент»-ро аз ў пурсидам.

Ҷавон аз афташ сахт саводнок буд, ки дарҳол ба ман фаҳмонд:
- Маънояш ҳамин: ё пул месупорӣ ё шатта мехурӣ. Ва дарҳол бо шаппотие гуфтаи дуюмашро иҷро кард.

Рўзи дигар баробари ба кор баромаданам, боз ҷавоне пайдо шуда, даст ба ҷайб бурд. Ман, ки дирўз камтар пул додаю, андак шатта хўрда будам, дарҳол патентамро баровардам
- Намешавад, гуфт бўзбала,- литсензия дорӣ?
- Ҳамин литсензияи гуфтагиатро бо чӣ мехўранд, додар, бо соддагии гадоёна пурсидам мани содда.
- Бо пул ҷавоб дод вай,- закуска, яъне газакаш шатта аст...

Ман боз кам-кам пул додаю, кам-кам шатта хўрда барои халос шудан аз ҳар ду ба тарафи бозор давидам. Вале баробари аз дари бозор даромаданам бўзбалае аз гиребонам гирифта, чекпулӣ талаб кард.
- Андак сабр кун, додар,- зорӣ кардам ман,- буду шуди маро соҳибони ин ду коғаз гирифтанд. Гиребонамро сар деҳ, ман ҳозир гадоӣ карда, ҳаққи туро ҷамъ карда, медиҳам.
- Кори давлат бозӣ нест,- гуфт ў,- ва саллаамро ба гарав гирифта, ба ман «боодобона» фаҳмонд,- ин «залог» аст, пулро кӣ овардӣ салла ва шаттаи навбатиро аз ман гирифта меравӣ... ва инаш ҳам гуфтаи дуюмашро дарҳол иҷро кард.

Ҳоло саллапулиро ҷамъ накарда, боз яктааш бинӣ кашида омаду сарибод ба дўғзанӣ даромад:
- Ҳой, ҷондор, канӣ зуд аз ин ҷо дафъ шав, ки ман суммотатро набинам!
- Боз ту кистӣ?- паст наомадам ман, ки аллакай ба шаттахурӣ одат карда будам,- ман патенту литсензия дорам ва гадои ҳақиқии қонуниям.
- Ман ба патенту литсензияат кор надорам, гуфт ҷавон бо лаби остинаш хеле боодобона биниашро пок карда, (Худоё, кӣ ба онҳо ин одоби баландро ёд дода бошад?..) Ман аз Госстандарт. Маънояшро медонӣ? Ин яъне стандарти давлатӣ. Вот...
- Ин боз чӣ балост? Маънояшро фаҳмон.
- Майлӣ, як «дофф» мефаҳмонам. Маънош ҳамин: ё либоса иваз мекунӣ, ё шатта мехури.
- Ман либосамро бо чӣ иваз мекунам?
- Азбаски гадоии шумо кори ҷисмонӣ ба шумор намеравад, мо қарор додем, ки гадоёнро ба синфи зиёиён, яъне интеллегенсия ворид гардонем. Минбаъд гадоён чун зиёиён бо галстуку либоси обшустаи тоза мегарданду зиёиён чун гадоён бо киссаи холию шиками гурусна...

Ман либосҳои профессори ҳамсояамро қарз гирифтаму, чӣ тавре ки мебинӣ ҳоло дар назди ту истодаам... Агар ту меҳрубонӣ карда, чизе садақа кунӣ, маро аз шаттахурии навбатӣ ва профессорро аз гуруснагӣ мераҳонӣ... Чи? Ту ҳам аз қавми мани? Зиёи ҳастӣ ё гадо?.. Рост мегўи, фарқ надорад. Ҳардуяш ҳам як гўр. Ба худат роҳи сафед. Маро аз корам нигоҳ надор... Садақа радди бало, ба қавли расули Худо...
XS
SM
MD
LG