Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби нокомии «Вахш» дар Ҷоми Иттиҳод


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба натоиҷи бозиҳои дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар ҳаждаҳумин давраи мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми қаҳрамонони Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик дар шаҳри Маскав бахшида шудааст.

«Вахш» дар сабқати гурӯҳи «В» пас аз ду бохти паиҳам аз дастаҳои «Боку»-и Озарбойҷон ва «Оқтеппа»-и Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 0:2, бозии севвумашро бо ХИК-и Финландия бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва бо 1 имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифт.

Дар ин гурӯҳ дастаи «Оқтеппа» бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кард. ХИК бо 5 имтиёз дуввум шуд. «Боку» бо 4 имтиёз дар зинаи севвум ҷой гирифт. Футболбозони Қазоқистону Финландия ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Вале қаҳрамонони футболи Озарбойҷону Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои Ҷоми Иттиҳод-2010 маҳрум шуданд.

Дастаи «Вахш», қаҳрамони Тоҷикистон, ки барои севвумин бор дар Ҷоми Иттиҳод ширкат намуд, ин дафъа низ дар даври муқаддамотӣ ноком гашт. Сабаби нокомии «Вахш» дар ин мусобиқот чӣ буд? Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо бо мураббиёну футболбозон ва коршиносони соҳа ҳамсӯҳбат шудем.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG