Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири корҳои хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Чин даъват намуд, ки кӯшишҳои сонсури интернет ва мудохила ба почтаҳои электрониро мавриди таҳқиқи ҷиддӣ ва бодиққат қарор диҳад.

Ҳилларӣ Клинтон:
“Таҳаввулоти ахире, ки ба ширкати Google дахл дорад, ба худ таваҷҷӯҳи зиёдро ҷалб намуд. Мо интизорем, ки ҳукумати Чин кӯшиши сонсури интернет ва мудохила ба почтаҳои электрониро бодиққат омузад. Мо инчунин интизорем, то таҳқиқ ва натиҷаҳои он шаффоф бошанд.”

Google гуфтааст, мудохилаи интернетӣ аз ҷониби ашхосе, ки дар Чин будаанд, анҷом шудааст, аммо ягон гувоҳии қатъӣ вуҷуд надорад, ки ҳамла бо супориши мақомоти Пекин сурат гирифт. Дар айни замон, Google бо ишора ба қонунҳои сахти сонсурии Чин имкони қатъи фаъолияташ дар қаламрави он кишварро баррасӣ мекунад.

Суханони Клинтон ҳамагӣ як соат баъд аз изҳороти ҷониби Чин садо дод. Муовини вазири корҳои хориҷии Чин Ҳе Яфей гуфт,
"Кишварҳое, ки дастрасии озодро ба сарчашмаҳои хабарӣ маҳдуд мекунанд, худро аз рушди қарни оянда маҳрум мекунанд.”
ихтилофҳои ҳукуматаш бо Google танҳо ба сиёсати давлат рабт дорад. Google ба сонсур муқобилият нишон медиҳад, аммо Чин мегӯяд, ширкат бояд қоидаву қонунҳои давлатро риоя кунад. Вай афзуд, мушкилиҳо бо ширкати интернетӣ ба муносибатҳои Чину Амрико дахл надорад.

Хонум Клинтон низ гуфт, барои изҳори норозигии расмӣ ба ҳукумати Чин дар робита ба қазияи Google ҳоло барвақт аст.
Зимни суханронияш вазири корҳои хориҷии ИМА ишора намуд, ки кӯшишҳои афзоишёбандаи сонсури интернет дар кишварҳои ба монанди Узбакистон, Тунис, Миср, Вйетнам ва Чин ба мушоҳида расидааст. Вай гуфт, раҳбарони ин кишварҳо, ва ба вижа Чин, бояд фаҳманд, ки аз ин роҳ ба манфиатҳои худашон зиён мерасонанд:

Ҳилларӣ Клинтон:
“Интернет аллакай манбаъи рушди бесобиқаи Чин гашт ва ин шигифтовар аст. Шумораи зиёди мардум дар Чин соҳиби интернетанд. Аммо кишварҳое, ки дастрасии озодро ба сарчашмаҳои хабарӣ маҳдуд мекунанд, ҳуқуқҳои аслии истифодабарандагони интернетро поймол карда, худро аз рушди қарни оянда маҳрум мекунанд.”

Клинтон аз аҳаммияти интернети озод барои ҳимояи ҳуқуқи башар низ зикр кард. Сарфи назар аз ин, афзуд дипломати воломақом, баъзеҳо интернетро барои расидан ба ҳадафҳои зишт мавриди истифода қарор медиҳанд. Вай, ба вижа гуфт, гурӯҳҳои ифротӣ, назири ал-Қоида, фазои интернетро барои ташвиқи хушунат ва қатли мардуми бегуноҳ истифода мебаранд.

Клинтон гуфт, ба хотири интернет қонуншиканиҳо дар рафти интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба тамоми ҷаҳон маълум шуданд ва алорағми кӯшишҳои мақомоти Теҳрон барои маҳдудсозии кори рӯзноманигорон ва сарчашмаҳои хабарӣ шаҳрвандони шуҷоъ ва ҷасур бо истифода аз фанновариҳои навин рӯйдодҳои Эронро зинда дастраси ҳамагон мекарданд.

Дар Тоҷикистон мақомот соли 2006 Вазорати мухобироти Тоҷикистон сомонаҳои интернетии centrasia.ru, ferghana.ru, TajikistanTimes.ru, charogiruz.ru ва arianastorm.com-ро дар қаламрави Тоҷикистон масдуд карда буд. Баъд аз гузашти чанд рӯз пас аз шикояти созмонҳои байнулмилалӣ ва ғайридавлатӣ дастур шуд, ки сомонаҳоро боз кунанд.

Як ҳафта қабл хабар паҳн шуд, ки мақомоти Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои Centrasia.ru ва Uzmetronom.com-ро маҳдуд кардааст, аммо бино ба иттилои ҳамкорони мо дар Душанбе, баъд аз як танаффуси тақрибан дусоата ҳар ду сомона аз нав дастрас шудаанд.
XS
SM
MD
LG