Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши матбуоти Чин ба интиқоди Клинтон


Матбуоти Чин даъвати вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба қатъи сонсури Интернетро радд мекунад. Давлати Чин аммо ҳанӯз ба суханронии ахири хонум Клинтон посух надодааст. Клинтон дирӯз дар як суханронии фарогир пиромуни озодии Интернет Чин ва кишварҳои дигарро ба далели эҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва мониагузорӣ дар роҳи нашри иттилоот ба боди интиқод кашид. Клинтон ҳамчунин аз Чин хост, қазияи ширкати Гуглро мӯшикофона ва шаффоф таҳқиқ кунад. Ин бузургтарин ширкати ҷустуҷӯи интернетӣ таҳдид кардааст, ки ба далели эҷоди ихлол ба фаъолияташ аз бозори Чин хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG