Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Клинтон аз озодии Интернет


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон Чин ва кишварҳои дигарро ба далели эҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва мониагузорӣ дар роҳи нашри иттилоот ба боди интиқод кашид.
Хонум Клинтон дар як суханронии фарогир пиромуни озодии Интернет гуфт, соли гузашта як силсила таҳдидҳо ба ҳаракати озоди иттилоот мушоҳида шуд. Ӯ Чину Тунис ва Узбакистонро ба далели сонсури Интернет танқид кард.
Клинтон ҳамчунин аз Чин хост, қазияи ширкати Гуглро мӯшикофона ва шаффоф таҳқиқ кунад. Ин бузургтарин ширкати ҷустуҷӯи интернетӣ таҳдид кардааст, ки ба далели эҷоди ихлол ба фаъолияташ аз бозори Чин хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG