Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи гумонбарон дар қатли як имому як милиса


Дар Узбакистон мурофиаҳои додгоҳии ҳудуди 70 нафаре оғоз ёфт, ки ба даст доштан дар қатли сархатиби Тошканд Анвар-қорӣ Турсунов ва афсари вазорати умури дохила Ҳасан Асадов муттаҳам мешаванд. Имоми масҷиди Кӯкчаи Тошканд дар таърихи 31 июли соли гузашта ва Асадов дар таърихи 9 август дар Тошканд кушта шуданд.
Бархе нозирон қатли ин афсари милисаро бо сӯъиқасд ба ҷони Анвар-қорӣ Турсунов ду ҳалқаи як занҷир мешиносанд.
Дар он даргирӣ бо маъмурони интизомӣ дар Тошканд дастикам ду нафар кушта ва 3 афсари милиса захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG