Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пешниҳоди Боқиев радд шуд


Додгоҳи Қонуни асосии Қирғизистон пешниҳоди раиси ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев дар бораи ба салоҳияти Шӯрои раёсатҷумҳурӣ гузоштани масъулияти таъйини раҳбари муваққати ин кишвар дар ҳолоти изтирорӣ, аз ҷумла дар ҳолати корношоям шудани президентро радд кард.
Раиси Додгоҳ Светлана Сиддиқова гуфт, Шӯрои раёсатҷумҳурӣ ниҳоди машваратӣ буда, ҳаққи таъйини раисиҷумҳури муваққатро надорад.
Додгоҳи Қонуни асосӣ дар айни ҳол боқӣ пешниҳодҳои Боқиев ба тағйири Қонуни асосии Қирғизистонро пазируфт.
Аммо мухолифини қирғиз ин тағйиротро ба боди танқид кашида, хостори аз роҳи референдум анҷом додани ислоҳоти Қонуни асосӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG