Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳрасти ёдгориҳои Тоҷикистон таҳия хоҳад шуд


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Феҳрасти ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишварро таҳия мекунад. Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки ин феҳраст то поёни соли равон таҳия шуда, беш аз 1000 ёдгориро дар бар хоҳад гирифт. Феълан ин вазорат беш аз 2000 ёдгории таърихиву фарҳангиро сабтином кардааст, ки бахши аъзамаш ба феҳрасти ниҳоӣ шомил карда хоҳанд шуд.
Оқои Асрорӣ гуфтааст, танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон аз талоши қочоқи 783 ашёи таърихӣ, аз ҷумла 4 дастхати қадим, пешгирӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG