Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоиши Гейтс аз набарди Покистон алайҳи ҷангиён


Артиши Покистон мегӯяд, ки наметавонад амалиёти густардааш алайҳи ҷангиёнро бештар аз 6 моҳ идома диҳад. Сухангӯи ин артиш генерал Атҳар Аббос, ки вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтсро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, аз 6 моҳ то як соли дигар лозим аст, ки Покистон ба ҳадафҳояш дар ин амалиёт ноил шавад. Гейтс дар мулоқот бо раисиҷумҳур Осифалӣ Зардорӣ ва дигар мақомоти Исломобод муборизаи артиши Покистон бо ҷангиёнро “то ҳол муваффақ” номид.
Маъмурияти Обама дар пайи амалиёте, ки артиши Покистон алайҳи ҷангиёнги толиб дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон ба роҳ андохт, лаҳни сӯҳбаташ нисбат ба Исломободро нармтар кардааст.
XS
SM
MD
LG