Пайвандҳои дастрасӣ

Умедвориҳои Лондон аз анҷумани Афғонистон


Вазири хориҷаи Бритониё Девид Милибанд гуфт, умедвор аст, ки анҷумани байналмилалии масоили Афғонистон дар Лондон дар амри ба давлати Афғонистон вогузор кардани масъулияти таъмини амният дар он кишвари ҷангзада қадаме ба сӯи пеш хоҳад монд. Милибанд дар кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико гуфт, ҳамчунин умедвор аст, ки ин анҷуман аз барномаи ташвиқи ҷангиёни толиб ба сулҳу оштӣ, ки Кобул таҳия кардааст, пуштибонӣ хоҳад кард. Анҷумани Афғонистон дар Лондон рӯзи 28 январ оғоз ба кор мекунад.
XS
SM
MD
LG