Пайвандҳои дастрасӣ

Бар пояи гузориши Кумиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили оби Осиёи Марказӣ 8 миллиард метр мукааб захираи об дар қаламрави кишварҳои поёноб, ба хусус Узбакистон, қочоқ шудааст.

Хабари қочоқи об дар қаламрави кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказиро Саиди Ёқубзод, вазири обу обёрии Тоҷикистон дар нишасти рӯзи панҷшанбе бо хабарнигорон эълом кард.
Танҳо аз тариқи фишор метавон кишварҳои минтақаро водор кард, то ба санад имзо гузоранд. Чун дар шароити феълии муносибатҳои танишангези миёни Тоҷикистон ва Узбакистон лозим аст, то СММ мусоидат кунад, ки ин муносибот ба шакли бадтарини он наравад...

Ёқубзод гуфт, мӯътақид аст, ки дар дохили Тоҷикистон қочоқи об вуҷуд надорад. Вай ҳамчунин иддаои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистон ва Туркманистонро, ки мегӯянд, Тоҷикистон барои онҳо дар дастрасӣ ба об маҳдудият эҷод мекунад, беасос хонд.

Бино бар гузориши Кумиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсозии об дар Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои поёноб камтар об истифода кардааст.

Агар Тоҷикистон танҳо дар ҳавзаи Амударё 72, 5 дар сад аз захоири об истифода карда бошад, пас Туркманистон ва Узбакистон, мутаносибан 85 ва 91 дар сад аз ин захоир баҳрабардорӣ кардаанд.

Бо ин ҳам ба таъкиди вазири обу обёрии Тоҷикистон қочоқ ё нобуд шудани захоири бузурги об дар қаламрави кишварҳои поёноби минтақа, аз ҷумла Узбакистон ба мушоҳида расидааст, «Тоҷикистон дар ҳавзаи Амударё 9, 5 кубакилометр истифода мебарад. Локин мо ҳар сол 5, 5 то 6, 5 кубакилометр истифода мекунем ва бақияи ин об бояд тариқи тронзит ба Арал бирезад. Аммо дар қаламрави кишварҳои поёноб нобуд мешавад. Дар нишасти Кумиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсозии оби минтақаи Осиёи Марказӣ ба таърихи 14 – 15 январ дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон гуфта шуд, ки соли гузашта 8 миллиард метр мукааб об дар қаламрави кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон гум шудааст. Ин қочоқ аст. Он ки кишварҳои болооб проблемаи баҳри Аралро ба вуҷуд овардаанд, комилан нодуруст аст.».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мутахасисон, 8 миллиард метри мукааб об баробар аст ба меъёре, ки Тоҷикистон солона аз захоири оби минтақа истифода мекунад.

Истифодаи ғайримуассири захоири об тавассути кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ба он овард, ки ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти байнулмилалӣ дар шаҳри Копенҳагени Дания дар моҳи гузашта хостори арзёбии истифодаи об ва вазъи обанборҳои минтақа тавассути СММ шуд.

Чун ба иттилои Вазорати обу обёрии Тоҷикистон кор ба ҷое расидааст, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 300 ҳавз ва обанбори кӯчак барои захираи об мавҷуд аст. Ҳамакнун бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ Тоҷикистон мехоҳад, то дар миёни кишварҳои минтақа консепсия ё қатъномаи ҷадиди истифода аз захоири об ба тасвиб бирасад, ки мушкилоти марбут ба баҳси об ҳалли ниҳоиро пайдо кунад.

Аммо муҳимтар аз ҳама мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки бо тасвиби ин санад на танҳо захоири об миёни кишварҳо ба таври шаффоф ва одилона тавзеъ хоҳад шуд, балки мавориди нобудшавӣ ё қочоқи об дар қаламрави кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ аз байн хоҳад рафт.

Ба ин тартиб, интизор меравад, Тоҷикистон ин пешниҳодро дар конфаронси байнулмилалии марбут ба масоили об дар шаҳри Душанбе дар моҳи майи соли ҷорӣ матраҳ кунад. Ҳамакнун ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон пешнависи консепсия мавриди омӯзиши кишварҳои минтақа қарор дорад. Аммо воқеан ин суол матраҳ аст, ки оё кишварҳои поёноби минтақа, ба хусус Узбакистон ва Туркманистон ба ин пешниҳоди Тоҷикистон розӣ хоҳанд шуд? Яраш Пӯлодов, раиси Пажӯҳишгоҳи масоили оби Тоҷикистон дар посухи ин суол гуфт, «ман фикр мекунам, ки розӣ мешаванд. Аммо бо дар назар гирифтани манфиатҳои миллии кишварҳои худ. Ин санад дар чаҳорчӯби Сандуқи наҷоти Арал таҳия шудаст.»

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, бар ин назар аст, ки «танҳо аз тариқи фишор метавон кишварҳои минтақаро водор кард, то ба санад имзо гузоранд. Чун дар шароити феълии муносибатҳои танишангези миёни Тоҷикистон ва Узбакистон лозим аст, то СММ мусоидат кунад, ки ин муносибот ба шакли бадтарини он наравад.»

Баҳси об дар Осиёи Марказӣ ба дунболи касби истиқлоли кишварҳои ин минтақа дар ҳудуди 18 соли пеш доман паҳн карда буд. Аммо бо мавриди иҷро қарор гирифтани тарҳҳои бузурги энержӣ дар кишварҳои болооб, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар чанд соли ахир ин мавзӯъ ба як мушкили ҷиддӣ ва ҳамзамон байнулмилалӣ табдил ёфтааст.

Зеро Узбакистон даъво дорад, ки бо иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ, ба хусус пас бунёди нерӯгоҳи барқӣ - обии «Роғун», дар шарқи Тоҷикистон, обёрии заминҳои кишт дар қаламрави кишварҳои поёноб ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, об барои кишварҳои ҳамсоя, пас аз эҳдоси «Роғун» низ бидуни маҳдудият дода хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG