Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 ҳазор ҳектор замин дар банди минаҳо


Раёсати ҳукумати ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, бинобар набудани харитаи заминҳои минкоришудаи ин ноҳия марзбонони кишвар наметавонанд 35 ҳазор ҳектор заминро аз минаҳо тоза кунанд.

Иброҳим Азизов, раиси ноҳияи мазкур, гуфт, ҳарчанд соли гузашта беш аз 35 ҳазор ҳектор замин аз тасарруфи қочочиёни афғон озод гардида бошад ҳам, бинобар минкорӣ шудани мавзеъ истифодаи ин заминҳо аз ҷониби сокинони маҳаллӣ то ҳанӯз мамнӯъ дониста мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Азизов ин мавзеъ дорои захоири бойи табиӣ мебошад.

Вай меафзояд, “ин заминҳоро мешавад дар соҳаи чорводорӣ истифода кард. Инчунин агар минҳо набошад, мешавад барои шикори саёҳон ҷой муҳайё кард. Замоне, ки русҳо дар сарҳад буданд, минаҳо ҳамон давра гузошта шудаанд. Мутассифона, ин харита ба мо дастрас нест, ки аз рӯи он заминҳоро тоза кунем“.

Дар ҳамин ҳол Аламхон Раҳматов, сардори қисми ҳарбии 29 31-и Вазорати мудофиаи кишвар воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, ин мавзеъҳо бо сабаби душворназорат будан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби марзбонони Русия минкорӣ шуда буд. Аммо дар соли 2005 ҳангоми тарк кардани сарҳад онҳо харитаи заминҳои минкоришударо ҳамроҳи худ бурдаанд.

Ҷаноби Раҳматов мегӯяд, сари баргардондани харитаи заминҳои минкоришуда борҳо ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат кардаанд, вале то ҳанӯз посухе нагирифтаанд.

Феълан бо вуҷуди мушкилот марзбонон ҳамагӣ 2 ҳектор замини наздисарҳадиро аз мин пок кардаанд. Вале то ҳанӯз мушахас нест, ки аз 35 ҳазор ҳектор замин чӣ миқдораш минкорӣ шудааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, бинобар минтақаи хатарнок эълон шудани ин мавзеъ сокинон аз рафтан ба он ҷо худдорӣ менамоянд. Аз ин ҳисоб дар соли ҷорӣ касе дар ҳудуди ноҳия аз инфиҷори минҳо осеб надидааст, ҳарчанд солҳои пеш чунин ҳодисаҳо мушоҳида мешуд.
XS
SM
MD
LG