Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони маҷрӯҳи қирғиз ҳамоно дар Ӯзбакистон аст


Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки марзбони қирғизе, ки рӯзи якшанбе аз ҷониби сарҳадбони ӯзбакистонӣ тир хӯрдааст, ҳанӯз ҳам дар Ӯзбакистон нигаҳдорӣ мешавад. Чолпонбек Турсунбоев, муовини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон гуфт, ки марзбони онҳо рӯзи 17 январ дар як даргирии кӯтоҳе маҷрӯҳ шуда баъдан аз ҷониби марзбонони ӯзбакистонӣ ба қаламрави ин кишвар бурда шуд. Рӯзи душанбе хабар дода шуд, ки вазъи сиҳҳатии ӯ мӯътадил буда вай дар яке аз шифохонаҳои Ӯзбакистон мавриди муроқибати табибон қарор дорад. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки талош доранд марзбони ҳамватанашонро бозпас гардонанд. Ин ҳодиса дар наздикии рустои Чеки марзи ҷанубии Қирғизистон ва Ӯзбакистон рӯй дод.
XS
SM
MD
LG