Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси шӯъбаи маориф муштарии фоҳишахона буд


Хабаргузории “Авасто” аз қавли раиси ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад, ки раиси шӯъбаи маорифи ин ноҳия барои рафтори ғайриахлоқиаш аз вазифа барканор шудааст. Абдулмӯъмин Улфатов гуфт, ки ин нафар яке аз муштариҳои доимии фоҳишахонаҳои маҳаллӣ буд ва баъди шикояти ҳамсараш ва таъйиди ин хабар тавассути манобеи мустақил раҳбарият тасмими аз кор барканор кардани ин мақомро гирифтанд. Оқои Улфатов гуфт, ки дар мақомҳои рабҳарикунанда барои афроди бадахлоқ “ҷое нест”. “Авасто” бо такя ба ҳамон манбаъ мегӯяд, ки дар Қубодиён соли гузашта фаъолияти як фоҳишахона баста шудааст. Бар тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо чунин муассисаҳои ғайриқонунӣ амал мекунад, вале на ҳамеша масъулини он ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд. Коршиносон мегӯянд, ки иллаташ ин аст, ки дар бисёр ҳолатҳо пуштибон ва нозирони ингуна муассисаҳо афроди пулдору наздик ба мақомот ва полис ҳастанд ва ба ҷавобгарӣ кашондани онҳо дар шароити вуҷуди фасоди шадид дар сохторҳои давлатӣ хеле сахт аст. Соли 2010 бар тибқи иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар кишвар аз фаъолияти 75 чунин фоҳишахона ҷилавгирӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG