Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморие, ки мардумро фақиртар мекунад


Бар асоси як пажӯҳиш, ки дар Тоҷикистон анҷом шудааст, харҷе ки хонаводаҳо барои беморони сил мекунанд, ба вазъи иқтисодии ин хонаводаҳо таъсир гузошта ва сабаби камбизоатии онҳо мешавад.

Агарчӣ таҳқиқи мазкур пештар анҷом шуда бошад, ҳам ба гуфтаи яке аз таҳиягарони пажӯҳиш, аҳамияти он то кунун аз байн нарафтааст ва натиҷаҳои он кӯмак кардаанд, то харҷи ин хонаводаҳо барои дармони беморони сил камтар шавад.

Муаллифони пажӯҳиши мазкур, хонаводаҳои дорои ягон бемори сил дар 12 ноҳияи Тоҷикистонро интихоб карда ва дидаанд, ки баҳои табобати як бемори сил дар кишвари камбизоате чун Тоҷикистон чӣ қадар аст ва харҷи табобат ба вазъи иқтисодии хонаводаҳо чӣ гуна таъсир мегузорад.

Муаллифони пажӯҳиш навиштаанд, ки дар маҷмӯъ барои табобати як бемори сил бештар аз 1000 доллар масраф мешавад ...
Дар натиҷа маълум шуд, ки ҳар як бемор, то ташхис ва ҳангоми дармони беморӣ тақрибан 300 доллар харҷ мекунад, бо вуҷуди ин ки аз тарафи Бунёди Глобалӣ бар асоси барномаи махсус, ба беморон ташхису доруворӣ ройгон пешниҳод мекунад.

Муаллифони пажӯҳиш навиштаанд, ки дар маҷмӯъ барои табобати як бемори сил бештар аз 1000 доллар масраф мешудааст. Дар марҳилаи пеш аз табобат беморон ба ҳадди миёна то 145 доллар дар як моҳ масраф мекардаанд, дар марҳилаи дармон, 153 доллар ва сипас дар марҳилаи ниҳоӣ моҳона то 95 доллар масраф мекардаанд.

Ба гуфтаи Раффаел Ай, муаллифи пажӯҳиш аз Донишгоҳи Базели Швейтсария, пардохтҳои ғайрирасмӣ, яъне пул гирифтани табибон аз беморон яке аз сабабҳои боло рафтани хароҷоти табобати беморони сил мешавад. Вай аз назархоҳие дар Тоҷикистон мисол овардааст, ки зимни он нисфе аз назардодагон гуфтаанд, ки ҳангоми муроҷиат ба табиб ба ӯ ҳаққи корашро пардохтаанд.

Ҳанифа Абдуалимова, табиби силшиноси тоҷик, ҳам ба ин гуфта мувофиқ аст. Вай мегӯяд, «дар Тоҷикистон табобат расман ройгон аст, вале беморон ғайрирасмӣ пул медиҳанд. Масалан бемор ба шифохонаи умумӣ муроҷиат мекунад ва то ташхисаш аз назари бемории сил, вай озмоишҳои дигаре ҳам мегузарад ва пули онҳоро мепардозад».

Дар Тоҷикистон табобати сил ройгон аст, вале беморон ғайрирасмӣ пул медиҳанд ...
Дигар аз омилҳои боло рафтани хароҷоти табобати беморони сил дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Ҳанифа Абдуалимова, дер муроҷиат кардани беморон ба табибон аст.

Бемории сил тақрибан 70 дарсад дар марҳилаи вазнинаш ошкор мешавад, дар марҳилае, ки шуши инсон дар ҳоли табоҳ шудан аст. На ҳамаи беморон дар марҳилаи аввали беморӣ ба шифохонаҳо муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳол ба онҳо доруҳои дигар лозим мешавад, ки барои тақвияти организм зарур аст. Аз ин рӯ дар пажӯҳиш ҳамаи ин хароҷотро ба инобат гирифта шудааст.

Интиқоли бемор аз минтақа ба шифохонаи бемориҳои сил ва дидорбинии ӯ ҳам харҷи зиёде дорад, ки ба гуфтаи муаллифи гузориш, ба буҷаи хонаводаи бемор зарбаи сахт мезанад. Муаллифи гузориш мегӯяд, чунин хароҷоти зиёд барои табобати бемори сил барои хонаводаҳо фалокатбор аст ва хатари зиёди гирифтории онҳо ба қашшоқиро ба вуҷуд меорад.

Ва бахусус беморие, ки табобати он муддати тӯлонӣ идома мекунад. Гузашта аз ин хароҷоти зиёд барои дармони бемор, сабаб мешавад, то баъзе аз хонаводаҳои қашшоқ аз муроҷиат ба шифохонаҳо парҳез кунанд, ки ин дар навбати худ барои ҷилавгирӣ аз доман задани бемории сил мушкил эҷод мекунад.

Дар Тоҷикистон, бино ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз сари ҳар 100 ҳазор нафар 200 мавриди гирифторӣ ба бемории сил сабт мешавад. Ҳанифа Абдуалимова - табиби силшиноси тоҷик ҳам гуфт, солона дар кишвар ҳудуди 2000 мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ сабт мешавад. Вай афзуд, таҳқиқи мазкур имкон додааст, то талошҳо барои коҳиш додани хароҷоти табобати беморӣ дар Тоҷикистон камтар карда шавад.

Дар Тоҷикистон ҳоло бар асоси ду барнома, яке аз тарафи Бунёди Ҷаҳонии Глобалӣ ва дигаре аз тарафи созмони амрикоии “Умед” барои табобати ройгони бемории сил доруворӣ ройгон тақсим мешавад.
XS
SM
MD
LG