Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокираи навбатӣ бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ


Кремл мегӯяд, ки раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев бояд рӯзи 25 январ бо ҳамтоёни арманиву озарбойҷониаш барои баррасии масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ дидору мулоқот кунад. Арманиҳову озарбойҷониҳо солҳои тӯлонӣ аст, ки бар сари ин минтақаи баҳсбарангези арманинишин дар дохили хоки Озарбойҷон вориди мухолифат ҳастанд. Ҷанги кӯтоҳмуддати миёни ду ҷумҳурӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ боиси кушта шудани 30 ҳазор нафар ва беҷо шудани ҳазорҳо тани дигар шуд. Ҳоло Русия, ИМА ва Фаронса, ки раҳбарии гурӯҳи Мински САҲА-ро намояндагӣ мекунанд, талош доранд дар ин масъала миёнҷигӣ кунанд. Раиси ҷумҳуриҳои Арманистон ва Озарбойҷон Серж Сарксян ва Илҳом Алиев то имрӯз чандин бор барои баррасии ин мавзӯъ мулоқот карданд, вале ҳанӯз бенатиҷа.
XS
SM
MD
LG