Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифои Амрико дар Покистон аст


Вазири дифои ИМА Роберт Гейтс барои нахустин бор баъди сари қудрат омадани раиси ҷумҳурӣ Барак Обама аз Покистон дидан мекунад. Гейтс гуфт, ки ҳадафи ӯ аз дидору мулоқот бо мақомоти баландпояи давлативу низомӣ тавзеҳи стратегияи нави Амрико дар Афғонистон аст. Дар сӯҳбат бо нашрияи "The News" қабл аз тарки Вашингтон карданаш Гейтс гуфт, ки фарқгузорӣ дар миёни Толибони Афғонистон ва Покистон метавонад натиҷаҳои баръакс ба бор оварад. Вай афзуд, ки Толибон бояд аз ҳарду тарафи марз саркӯб шаванд, чунки ҳарду миллат ҳам метавонанд бо паёмадҳои бештари номатлуб рӯбарӯ шаванд.
XS
SM
MD
LG