Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон аз бӯҳрони иқтисодӣ кам-кам раҳо мешавад


Бонки ҷаҳонӣ гуфт, ки иқтисоди ҷаҳон ҳоло тадриҷан аз рукуд раҳо мешавад ва интизор аст, ки дар давлатҳои дар ҳоли рушд соли ҷорӣ инкишофи иқтисодӣ 5,2 дар садро ташкил диҳад. Ин нишондод ба маротиб бештар назар ба пешгӯиҳои рушди иқтисодии 2,2 дар садаи имсола будааст. Дар айни замон гузориши “Дурнамои иқтисоди ҷаҳонии соли 2010” ҳушдор медиҳад, ки дар соли 2011 номуайяниҳои қобили мулоҳиза дар иқтисод мушоҳида хоҳад шуд. Эндрю Бӯрнс, раҳбари калони ин гузориш мегӯяд, ки ҳоло муҳимтарин чолиши ҳукуматҳо ин бозпас гардонидани барномаҳои кӯмакрасон бидуни латма задан ба эҳёи иқтисодиёташон хоҳад буд. Бӯрнс ҳамчунин афзуд, давлатҳое, ки бар асари бӯҳрони иқтисодӣ шадидан зарар диданд, яъне Аврупову Осиёи Марказӣ, метавонанд дар давоми даҳ соли оянда зарбаҳои нав бубинанд. Вай гуфт: “Чунин ҳол метавонад дар шароите ба миён ояд, ки ҳаҷми қарзҳои бефоида афзоиш ёфта ширкатҳои дучори мушкил дар гузоришдиҳӣ азият шаванд. Аз ин хотир, дар ин манотиқ эҳтимоли сар задани даври дуюми як чизи воқеӣ аст”. Иқтисодшиноси аршади Бонки ҷаҳонӣ Ҷастин Лин гуфт, ки алорағми пешгӯиҳои хуби иқтисоди ҷаҳонӣ аммо беҳбудёбии вазъ базудӣ эҳсос намешавад ва солҳои зиёд лозим мешавад, ки вазъ дубора барқарор шавад.
XS
SM
MD
LG