Пайвандҳои дастрасӣ

Муколамаи сиёсии Тоҷикистону ИМА


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, қарор аст, рӯзҳои 8 ва 9-уми феврал дар шаҳри Вашингтон муколамаи дуҷонибаи сиёсии Тоҷикистону Амрико баргузор шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, масоили баргузории муколамаи сиёсӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни мулоқоти Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа ва Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Душанбе баррасӣ шудааст. Кеннет Гросс дар ин мулоқот гуфтааст, муколамаи мазкур шароит фароҳам хоҳад кард, то масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор бигиранд. Зоҳиран шеваи баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон яке аз масъалаи баҳс дар муколамаи сиёсӣ хоҳад буд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико соли гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки интихоботи шаффофу одилона баргузор намояд.
XS
SM
MD
LG