Пайвандҳои дастрасӣ

Сангтӯда-1 барқи бештар тавлид кардааст


Мақомоти нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 бо пахши иттилоияе гуфтанд, ки соли 2009 мизони тавлиди барқ дар ин нирӯгоҳ назар ба соли 2008 51 % афзоиш ёфта беш аз 1,7 миллиард киловатт-соат барқро ташкил додааст. Феълан, мегӯянд дар нирӯгоҳ, аз чаҳор гидроагрегати Сангтӯда-1 сетоаш фаъол ҳастанд, ки дар як шабонарӯз ҳудудан шаш миллион киловатт-соат барқ тавлид мекунанд. Владимир Белов, раҳбари калони тозатаъини ин нирӯгоҳ гуфтааст, ки дар соли 2010 ҳадафи онҳо таъмини боамну босуботи кори ин нирӯгоҳ буда ҳамчунин афзоиши имкониятҳои содироти нирӯи барқ дар мавсими тобистон аст. Яке дигар аз ҳадафҳо, мегӯяд Белов, таҳкими зербинои молии нирӯгоҳ аст, ки фаъолияти пурраи ин нирӯгоҳро таъмин карда тавонад. Ҷамъияти саҳҳомии Сангтӯда-1 тарҳест, ки бо маблағгузории Русия бунёд шудааст.
XS
SM
MD
LG