Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон омодагиҳоро ба машваратҳои Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ карданд. Ин машварат дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар Вошингтон баргузор хоҳад шуд.

Кеннет Гросс, сафири ИМА, гуфт, ки машваратҳои сиёсӣ дар Вошингтон барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико шароит фароҳам хоҳад кард.

Он сиёсатҳое, ки Амрико дар Афғонистон пиёда мекунад, чандон босамар набуданд. Аз ин сабаб як роҳи бисёр хуби ҳамкорӣ бо Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон аст ...
Ба гуфтаи тарафҳо, мавзуоти баҳрабардорӣ аз захоири оби минтақа, иҷрои барномаҳои ниқлиёту ҳамлу нақл, сохтмони хатҳои баландшиддати барқ ба Афғонистон ва Покистон, сохтмони роҳи мошин ва оҳан, эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон аз масоили матруҳа дар машваратҳои Вошингтон миёни ду кишвар аст.

Ба эътиқоди профессор Абдунабӣ Сатторзода аз Маркази пажӯҳиши стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон, ин барномаҳои ҳамкорӣ аз қабл низ матраҳ буд ва он барои таъмини субот дар Афғонистон ва барқарории бахши иқтисоди ин кишвар бастагӣ дорад.

Вай афзуд, «он сиёсатҳое, ки Амрико дар Афғонистон пиёда мекунад, чандон босамар набуданд. Аз ин сабаб як роҳи бисёр хуби ҳамкорӣ бо Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон аст, яъне иҷрои барномаҳои энержӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон ва ба ин васила рушд додани кишоварзӣ дар ин кишвар».

Хушбинии ҷаноби Сатторзода аз баргузории машваратҳо миёни Тоҷикистон ва Амрико дар ҳолест, ки ахиран парлумони Тоҷикистон созишномаи «CASA-1000» - барномаи пешниҳодии ИМА дар мавриди интиқоли барқ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро тасвиб кард.

Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, гуфт, ки сохтмони хатти интиқоли 220-киловаттии барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то моҳи майи соли ҷорӣ ба поён хоҳад расид. Дар иҷрои ин тарҳ Бонки осиёии рушд, Бонки исломӣ ва Бонки таҷдид ва тавсеаи Аврпуо саҳмгузор ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия низ талош дорад, дар барномаи эҳдоси хатти баландшиддати «CASA-1000» саҳм дошта бошад. Пас аз он, ки парлумони Тоҷикистонро ин тарҳро тасвиб кард, Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия, аз Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон дидан кард. Оё ин сафари ҷаноби Шувалов ба машваратҳои ояндаи Тоҷикистону Амрико ва иҷрои барномаҳо дар Тоҷикистон барои Афғонистон робитае дорад?

Профессор Сатторзода дар посух ба ин суол гуфт, "агар Русия ин гуна ҳамкорӣ бо Афғонистон аз тариқи кишварҳои ҳамсоя, ба вижа Тоҷикистонро медошт, кайҳо ин барномаҳоро пиёда мекард. Мусаллам аст, ки ҷониби Русия майл ба ин ҳамкориҳо надорад. Ба назари ман, яке аз омилҳо ин аст, ки Русия аз фаъолияти Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон розӣ нест ва намехоҳад, ки ин фаъолиятҳо муваффақ бошад".

Омили дигари хушбинӣ ва интизороти мақомоти Тоҷикистон аз натоиҷи машваратҳо дар Вошингтон ин аст, ки ахиран бо ибтикори иддае аз сиёсатмадорон дар сенати Амрико гурӯҳи пуштибон дар равобити ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ташкил шуд. Ва ҳадафи ин гурӯҳ ҳамкориҳои зичи Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ва минтақа аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG