Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз Остона даъват кард намуна бошад


ИМА аз Қазоқистон тақозо кард, ки аз мавқеи раҳбарикунандаи худ дар созмони нозири аслии масоили амниятиву ҳуқуқи башар ба унвони намуна бахубӣ истифода карда нишондодҳои худро дар ин замина беҳбуд бахшад. Қазоқистон нахустин ҷумҳурии шӯравии пешин аст, ки раҳбарии давраии САҲА-ро ба ӯҳда мегирад. Созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилаливу ғарбӣ интихоби Остонаро ба мақоми раҳбарии ин ниҳод дар соли ҷорӣ зиёд интиқод карданд. Далели ин нуқсу камбудиҳои зиёди Қазоқистон дар масъалаи фишор болои озодии баён, нақзи ҳуқуқи инсон ва дигар масоили марбут ба пешрафтҳои демократӣ мебошад. Ричард Ҳоугланд, сафири Амрико дар ин кишвар имрӯз бо пахши изҳороте гуфт, ки курсии раҳбарии САҲА барои Қазоқистон аз лиҳози собит кардани побанд будани ин давлат ба ӯҳдадориҳояш “дар ҳарфу амал” хеле муҳим аст.
XS
SM
MD
LG