Пайвандҳои дастрасӣ

Консепсияи танзими захоири оби минтақа


Вазири обу обёрӣ Саид Ёқубзод иддаои кишварҳои ҳамсоя Узбакистон ва Туркманистонро дар мавриди ин, ки Тоҷикистон захоири оби минтақаро маҳдуд мекунад, беасос хонд. Вай гуфт, Тоҷикистон имкони маҳдуд кардани обро надорад ва ҳам бар асоси таъаҳҳудоти байналмилалӣ, чунин иқдом ҳам нахоҳад кард.
Вазири обу обёрии Тоҷикистон гуфт, ҳоло ниҳодҳои масоили оби Тоҷикистон як консепсияро дар масъалаи танзими захоири оби Осиёи Марказӣ омода кардааст, ки интизор меравад, дар нишасти байналмилалии моҳи майи соли ҷорӣ дар Душанбе ин санадро пешкаши кишварҳои минтақа кунад.
XS
SM
MD
LG