Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти як сол аз ҳукмронии Барак Обама таҳлилгарон ба фаъолиятҳои ӯ баҳо додаанд ва аз мардуми Амрико ҳам пурсидаанд, ки то куҷо аз кори раисиҷумҳур розиянд ва то куҷо вай ба ваъдаҳояш вафо кардааст.

Баъзе аз назархоҳиҳо, нишон додаанд, ки теъдоди афзояндаи аҳолии Амрико бовар надоранд, ки Барак Обама қодир аст, ваъдаҳои тағйирот дар кишварро иҷро кунад, баъзеи дигар мегӯянд, он чӣ ки вай дар як сол кардааст, шоистаи таҳсин аст.

Он чи, ки Обама тавонист анҷом диҳад, беҳбуд дар навои ҳамкориҳо дар саҳнаи байналмилалӣ, поён бурдани танишҳо дар ин саҳна ва боло бурдани обрӯи латмадидаи Амрико дар арсаи ҷаҳон аст ...
Бо гузашти як сол аз расми адои савгандаш, Барак Обама ҳанӯз ҳам натавонист, ҷаҳонро тағйир диҳад. Ҷаҳон тақрибан ҳамонгуна ки буд ҳаст, ҳукумати Эрон ҳамчунон, тақозоҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар робита ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш нодида гирифта ва беибо мухолифонашро саркӯб мекунад.

Дар ҳамсоягии Эрон сулҳ миёни фаластиниёну Исроил назар ба гузашта дуртар ба назар мерасад. Афғонистон назар ба гузашта вазъи бадтаре дорад ва нооромиҳояш ба Покистон ҳам сироят кардааст. Ал-Қоида ба кори худ ва тарҳрезии ҳамлаҳо алайҳи Амрико ва шариконаш идома медиҳад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон он чӣ, ки Обама тавонист анҷом диҳад, беҳбуд дар навои ҳамкориҳо дар саҳнаи байналмилалӣ, поён бурдани танишҳо дар ин саҳна ва боло бурдани обрӯи латмадидаи Амрико дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Кохи Сафед ҳам умедвор аст, ки ин ҳама роҳро барои иҷрои ҳадафҳои дигар ҳамвортар хоҳад кард. Николай Гвоздев, профессор ва таҳлилгари масоили амниятӣ дар Амрико, мегӯяд, баҳогузорӣ ба дастовардҳои Барак Обама дар як сол сахт аст, зеро соли аввал заминагузорӣ барои иҷрои корҳост.

Вай меафзояд, «ном бурдан аз ягон дастовард ва ё нокомии бузург мушкил аст, зеро ӯ нав корро сар кардааст. Вай ҷараёнҳоеро оғоз бахшид, ки ҳанӯз худро такмил накардаанд. Мӯҳлати тақвими иҷрои корҳои ӯ ҳанӯз нарасидааст».

Ҷеймс Голдгейер, таҳлилгар аз Пажӯҳишгоҳи равобити хориҷии Амрико, мегӯяд, Барак Обама аз сиёсатҳои Ҷорҷ Буш, ки ба нерӯ беш аз ҳад такя карда ва мехост бо зӯр кишварҳоро ба иҷрои коре водор кунад, даст кашид ва мехоҳад аз роҳи музокирот бо душманони Амрико ба муввафақият ноил шавад.

Аммо, мегӯяд вай, бояд мунтазир шуд ва дид, ки ин шева чӣ гуна самар хоҳад дод. Ба гуфтаи нозирон, стротежии аввали Кохи сафед, ба ҳадафи ташвиқи кишварҳои мушкилзо ба мисли Эрону Русия ва Чин буд, то бо Амрико бештар ҳамкорӣ ва ё ба он камтар муқовимат кунанд.

Обама ба Эрон дасти дӯстӣ дароз кардааст, хостори эҳёи ҳамкорӣ бо Русия шудааст ва Чинро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид намекунад, то онро барои коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва бознигарӣ дар сиёсати пулиаш, мойл намояд.

Эдвард Лукас, хабарнигори маҷаллаи мӯътабари “Экономист”, мегӯяд, чунин шеваи нарм вақте натиҷа медиҳад, ки ба дар худ сахтӣ дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, «хуб будан, кофӣ нест. Ҳангоми бархӯрд бо режимҳои махуф, мо ҳанӯз ҳам як навъ сахтгирӣ ҳам интизор дорем. Мо дасти боз пешниҳод кардаем ва агар ҳатто онҳо дасти моро нагиранд, ҳадди аққал бояд сари он андеша кунанд».

Эдвард Лукас мегӯяд, хабарҳо ва шикастҳои хурду реза, сиёсати Барак Обамаро тағйир нахоҳад дод ва он барои ҳадафҳои арзишманду дарозмуддат бо нармӣ корашро идома хоҳад дод.

Аммо дар ватанаш дар Амрико баҳои мардум ба як соли кори Барак Обама гуногун аст. Аз ҷумла дар як назархоҳии тозаи телевизиони Эй-Би-Си ва рӯзномаи Вашингтон Пост, 47 дарсади мардум гуфтаанд, ки Обама дар зарфи 12 моҳ кори қобили таваҷҷӯҳ анҷом додааст, ки назар ба назархоҳии моҳи апрел 20 дар сад камтар аст. Зимни арзёбии кори 100 рӯзаи Барак Обама он вақт ҳудуди 70 ба ӯ аҳсан гуфта буданд.

Барак Обама бо ваъдаҳои зиёде дар Амрико ба ҳукумат расид, аз ҷумла бо ваъдаи барномаи хуруҷ аз Ироқ, наҷоти Амрико аз чанги рукуди бади иқтисодӣ, монеъ шудан ба бекории афзоянда ва ҳалли мушкили низоми беҳдоштиву макотиби Амрико. Аммо хушбинии онвақтаи мардумро ҳоло ҳушёрӣ иваз кардааст, ки ин ҳама мушкилот ба зудӣ ҳал нахоҳад шуд. Аз ин рӯ ба гуфтаи муаллифони гузоришу таҳлилҳо, бетоқатӣ дар миёни мардуми Амрико меафзояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG