Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Ҳаитӣ 4000 сарбози дигар мефиристад


Амрико эълон кард, ки ба Ҳаитӣ боз 4000 сарбози дигар мефиристад. Ин нирӯҳои изофӣ аз ҷумлаи асокирест, ки бояд ба Ховари Миёна ва Аврупо эъзом мешуданд. Эъзоми нирӯҳои ахир ҷамъи асокири Амрико дар кишвари зилзилазадаи Ҳаитиро дар рӯзҳои наздик ба тақрибан 15 000 нафар мерасонад.
Дирӯз дар Ҳаитӣ боз як заминларзаи дигар бо шиддати 5,9 балл мушоҳида шуд. Мақомот мегӯянд, то кунун аҷсоди беш аз 75 000 қурбонии заминларзаи ҳафтаи гузаштаро ба хок супурдаанд. Ин офати табиӣ, бино бар ҳисобҳо, беш аз 1,5 миллион нафарро дар Ҳаитӣ бе сарпаноҳ боқӣ гузошт.
XS
SM
MD
LG