Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони Маҷид Таваккулӣ дар Эрон


Эрон як фаъоли ҳаракати донишҷӯиро ба беш аз 8 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба гузориши ИРНО, Маҷид Таваккулӣ дар таърихи 7 декабр, ки Рӯзи донишҷӯён аст, дар ҷараёни эътирозҳои зиддидавлатӣ боздошт шуда буд.
Хабаргузории низ давлатии Форснюс навишт, ки Таваккулӣ мехост либоси занона ба тан карда, аз хобгоҳи донишгоҳи Амири Кабир дар Теҳрон фирор кунад. Маҷид Таваккулӣ дар сӯъиқасд ва таҷаммӯъ алайҳи низом ва тавҳин дар ҳаққи раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод муҷрим шинохта шуд.
XS
SM
MD
LG