Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 3 нафар бо ҷурми таҳвили пул ба Эрон


Мақомоти Амрико дар Ню-Йорк се нафарро ба таҳвили тақрибан 300 000 доллар ба Эрон дар солҳои 2007 ва 2008 айбдор карданд. Дар сурати тасбити ин иттиҳом, Ризо Сафарҳо, Ник Муҳимӣ ва Муҳаммад Маҳалатӣ ҳар кадом метавонад то ба 20 сол равонаи зиндон шаванд.
Амрико ин се нафарро ба он муттаҳам мекунад, ки аз тариқи усули дар байни муҳоҷирони мусалмон маъруфи “ҳавола” ин маболиғро ба Эрон фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG