Пайвандҳои дастрасӣ

IAEA мегӯяд, пешниҳодаш ба Эрон ҳанӯз боқист


Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ гуфт, бо вуҷуди аз сӯи Эрон радд шудани бахшҳои калидии пешниҳоди ин созмон, ин роҳҳал ҳамчунон дар дасти баррасӣ боқӣ мемонад. Ожонси ҳастаӣ ба хотири рафъи нигарониҳо дар бораи табиати барномаҳои ҳастаии Эрон дар хориҷ анҷом додани ғанисозии бештари ураниуми Эронро пешниҳод карда буд. Ба гуфтаи манобеъи дипломатӣ, Теҳрон Ожонсро хабардор кардааст, ки бандҳои асосии ин пешниҳодро намепазирад.
Бино ба хабарҳо, посухи Теҳронро фиристодаи он кишвар дар як нишаст дар авоили моҳи январ ба мудири кулли Ожонси ҳастаӣ Юкия Амано супурдааст.
XS
SM
MD
LG