Пайвандҳои дастрасӣ

Бародари Ғаффор Мирзоевро аз Дубай оварданд


Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, рӯзи 12 январ аз Дубай ба Душанбе истирдод шудааст. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, боздошти ин гумонбар бо кӯмаки Интерпол муяссар шуд.
Мақомоти Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро дар як силсила ҷиноёти сангин муттаҳам карда, қаблан се корхонаи марбут ба ӯ - корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯлобро давлатӣ карданд.
Худи Ғаффор Мирзоев дар соли 2004 боздошт шуда, соле баъд ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG