Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз бӯҳрон осеби камтар дидааст


Кумитаи омори Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ мегӯяд, соли гузашта аз бӯҳрони молӣ бештар аз ҳама Русияву Украина ва Арманистон осеб дидаанд. Раиси ин идора Владимир Соколин гуфтааст, Озарбойҷону Узбакистон ва Тоҷикистону Қирғизистон баръакс бо вуҷуди бӯҳрон тавонистаанд рушди иқтисоди худро ҳифз кунанд.
Бино ба омори ин кумита, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2009 2,7 дарсад рушд карда, ҳаҷми маош дар ин кишвар наздики 22 дарсад афзудааст, ки баландтарин нишондиҳанда дар байни 11 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои ҳамсӯд будааст. Рушди баландтарини иқтисод – 8 дарсад- соли гузашта дар Узбакистон мушоҳида шуда, аммо иқтисоди Арманистону Украина ва Русия мутаносибан ҳудуди 18, 16 ва 10 дарсад коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG