Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми генерали зиндонӣ Исҳоқов ба тарафдоронаш


Вазири собиқи дифоъи Қирғизистон Исмоил Исҳоқов, ки ҳафтаи гузашта ба 8 соли зиндон маҳкум шуд, аз тарафдоронаш хостааст, гуруснанишинии эътирозӣ ба нишони ҳимоят аз ин вазири зиндониро қатъ кунанд. Азимбек Бекназаров, вакили мудофеъи Исҳоқов ба тазоҳургарон дар Бишкек гуфт, ки рӯзи сешанбе бо муваккилаш мулоқот доштааст ва ӯ бо изҳори сипос аз эътирозгарон хостори қатъи гуруснанишинии онҳо шудааст. Аммо раҳбари гуруснанишинон Топчубек Тургуналиев гуфтааст, ки онҳо то замони аз гардани Исҳоқов соқит шудани ҳама иттиҳомоти боршуда ба эътирози худ ҳамчунон идома хоҳанд дод. Гуруснанишинии тарафдорони Исмоил Исҳоқов як ҳафта боз идома дорад. Генерал-лейтенант Исмоил Исҳоқов бо ҷурми тақаллуби аснод ба 8 соли зиндон маҳкум шуд, вале ҷонибдоронаш ин парвандаро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG