Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди журналист ва нависанда Муҳаммадраҳими Сайдарро ба муносибати зодрӯзаш баргузор карданд.

Муҳаммадраҳими Сайдар, адиб, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ва хабарнигори радиои Озодӣ дар Маскавро агар умр вафо мекард, имрӯз 58-сола мешуд. Аммо афсус, рӯзи 3-юми январи соли равон ӯ дар пайи бемории диабети қанд дар як беморхонаи шаҳри Тулаи Русия аз дунё даргузашт ва ҷасадаш ба Тоҷикистон оварда шуду дар зодгоҳаш деҳаи Шаҳринави ноҳияи Рашт манзили охират гирифт.

Радиои Озодӣ дар рӯзи таваллуди ҳамкори зиндаёди худ Муҳаммадраҳими Сайдар пайвандон, дӯстону ҳамкорон ва ҳамқаламони ӯро дар бинои Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон гирд овард, то ёду хотироти хешро дар робита ба кору зиндагӣ ва фаъолияти ин марди ҳунар иброз доранд.

Ҳамсари Муҳаммадраҳими Сайдар хонум Шарофат аз шавҳари худ ба ҳайси як марди масъул ва меҳрубон дар зиндагии хонаводагӣ ёд кард
Ин маҳфили ёдбудро, ба истилоҳ, худи Муҳаммадраҳими Сайдар оғоз кард. Дар ифтитоҳи он сабти охирин гузориши ӯ, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз вафоташ тариқи радиои Озодӣ дар робита ба баста шудани бозори «Черкиз»-и Маскав ва бекор мондани даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик омода карда буд, садо дод.

Садри маҳфил, ҳунарманди шинохта Ортиқи Қодир, зимни ибрози хотироти неке аз Муҳаммадраҳим навбати суханро ба ҳозирин дод. Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, аз Муҳаммадраҳими Сайдар ба ҳайси адиби соҳибистеъдоду хушсалиқа ёд кард.

Ба дунболи сӯҳбати Меҳмон Бахтӣ ҳамсари Муҳаммадраҳим - хонум Шарофат аз шавҳари худ ба ҳайси як марди масъул ва меҳрубон дар зиндагии хонаводагӣ ёд кард.

Шоираи маҳбуби тоҷик Гулрухсор пешниҳод кард, ки мактаби зодгоҳи Муҳаммадраҳим ба номи ӯ гузошта шавад
Шоири шинринсухан Рустами Ваҳҳоб, дӯсту ҳамнишини Муҳаммадраҳим, зимни варақгардони дафтари хотироташ дар бораи Муҳаммадраҳими Сайдар порае аз марсияи ба тозагӣ эҷодкардаи худро қироат кард.

Шоираи маҳбуби тоҷик Гулрухсор бо пешниҳоди он, ки мероси парокандаи Муҳаммадраҳими Сайдар дар шакли як маҷмӯа интишор гардад, гуфт, дар замони шӯравӣ бо шефтагӣ аз сабки вижа ва тозабаёнии Сайдар ӯро ҳанӯз хеле пеш аз нашри китоби аввалинаш ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта буданд.

Дар ин шоми ёдбуд ҳамчунин пешниҳод шуд, ки мактаби зодгоҳи Муҳаммадраҳим дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Рашт ба номи ӯ гузошта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG