Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҷаҳонии Ҳюман Райтс Вотч дар гузориши тозааш ҳукумати Тоҷикистонро барои мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон интиқод кардааст.

Дар гузориши солонаи ҳуқуқи башар роҷеъ ба Тоҷикистон аслан ба нукоте мисли анҷоми ислоҳот дар институти ҳуқуқи башар, ҳақи моликияти шаҳрвандон, рондани шаҳрвандон аз манозили зист, аз роҳи шиканҷа ба даст овардани эътирофоти муттаҳамон, озодии дин ва кори муҳоҷирон таваҷҷуҳ кардаанд.

ҲАШТ МОҲИ КОРИ ОМБУДСМЕН

Дар гузориш омадааст, соли 2009 дар Тоҷикистон Омбудсмен ё институти нави дифоъ аз ҳуқуқи башар ва назорат бар он ба фаъолият шурӯъ кард ва дар моҳи маи ҳамон сол Зариф Ализода, мушовири ҳуқуқии раисиҷумҳури Тоҷикистон, нахустин раиси ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи башар муаррифӣ шуд.

Дар нахустин рӯзҳои ташкили Омбудсмен дар Тоҷикистон баъзе таҳлилгарони мустақил бар ин назар буданд, ки шояд дар баъзе маворид Омбудсмен дар масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи шаҳрвандон аз мавзеъгирии давлат ҳимоят кунад. Дар чунин ҳолат аз ҳуқуқи шаҳрвандон сарфи назар хоҳад шуд.

Вале Сергей Романов, ҳуқуқшинос, дар мавриди 8 моҳи фаъолияти ин ниҳод дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло баҳо додан ба фаъолияти Омбудсмен дар Тоҷикистон барвақт аст, зеро ин ниҳоди тозатаъсис дар ҳоли созмондиҳии фаъолиятҳои худ аст.

"АНЪАНА"-И ШИКАНҶАИ МУТТАҲАМОН

Нуктаи дигаре, ки дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар омадааст, аз роҳи шиканҷа ба даст овардани эътирофоти муттаҳамон аст. Бино ба ин гузориш, азият ва шиканҷаву озори муттаҳамон ба як навъ "анъана" дар миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфтааст ва чунин бархурд нисбат ба муттаҳам бештар дар мароҳили қабл аз судури ҳукми додгоҳ сурат мегирад. Вале вазъ нисбат ба солҳои пеш рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Оқои Романов дар ин бора мегӯяд, "соли гузашта мо баъзе мавориди истифода аз шиканҷаро сабт кардем. Нуктаи муҳим ин аст, ки чунин бархурдро худи давлат ҳам эътироф мекунад ва мегӯяд, бояд бар зидди чунин падида мубориза кард".

Вай меафзояд, давлат ҳозир аст дар ин замина бо созмонҳои иҷтимоӣ ҳамкорӣ кунад. Дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар аз азияту озори Хуршед Исломов намунае оварда шудааст, ки дар ҷараёни бозпурсӣ мавризи шиканҷа қарор гирифтааст. Вай барои дуздӣ дар як казинои канори шаҳри Душанбе муттаҳам дониста мешуд.

Назокат Исломова, модари Хуршед, шикоят карда буд, ки баъд аз як ҳафтаи бозпурсиҳо вақте, ки писарашро дар боздоштгоҳ дид, вай аз зарби латтукӯб ҳатто роҳ рафта наметавонист. Дар бораи шиканҷаи боздоштшудагон ҳангоми бозпурсӣ матбуоти Тоҷикистон низ дар соли гузашта мақолаҳо ба нашр расондааст.

Дар гузориши соли 2009-и Дидбони ҳуқуқи башар омадааст, чун ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳрҳо барномаҳои таҷдиду таъмири биноҳо ва қисматҳои кӯҳнаи шаҳрҳоро амалӣ мекунад, дар баъзе маворид мақомот маҷбур шудаанд, сокинонро аз маҳали зисташон хориҷ ва дар канори шаҳр дар ихтиёри онҳо хонаҳоеро гузоранд, ки ба арзиши хонаи онҳо муносиб нест. Чунин бархӯрд ва чунин роҳи ҳали масъала норизоятии сокинонро барангехтааст.

ВАЗЪИ ОЗОДИИ ДИНУ МАЗҲАБ

Дар робита бо озодии дину мазҳаб дар гузориши солонаи ҳуқуқи башар омадааст, ки дар давоми соли гузашта ба баҳонаи мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон фаъолияти баъзе гурӯҳҳои мазҳабӣ мамнӯъ эълон шуд.

Гузориш мегӯяд, дар моҳи феврали соли 2009 фаъолияти гурӯҳи Салафиро мамнӯъ эълон карданд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон манъи пӯшидани рӯсарӣ дар мактабҳо низ аз ҷумлаи маҳдудияти озодиҳои мазҳабӣ арзёбӣ шуд. Дар моҳи апрели соли 2009 мақомоти интизомӣ дар се минтақаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе, дастикам 93 нафар аъзои Ҷамоати таблиғро боздошт карданд. Ҳукумат аз додани тавзеҳот дар бораи сабабҳои боздошт ва ҳатто шумораи дақиқи боздоштшудагон худдорӣ кард.

Моҳи феврали соли 2009 Дидбони ҳуқуқи башар гузоришеро дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба нашр расонд. Дар ин гузориш аз ҷумла дар бораи нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон, сӯйистифода аз нерӯи кории онҳо сухан мерафт. Дидбони ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кард, ки барои ҳалли ин мушкили муҳоҷирони корӣ тадбирҳои зарурӣ рӯи даст бигирад. Ҳукумати Тоҷикистон ба ин дархост посух дод ва ҳоло оҷонсиҳову созмонҳои таъмини кор барои ҳалли ин масъала барномаҳо таҳия кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG