Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи Роберт Гейтс доир ба ҳадафҳои Ал-Қоида


Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико мегӯяд, шабакаи Ал-Қоида барои тамоми Осиёи Ҷанубӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад ва метавонад, Ҳинду Покистонро ҷанг барангезад: "Ба эътиқоди ман, қасди Ал-қоида бо ҳамкорӣ бо тамоми гурӯҳҳои гуногун, на танҳо ноамн кардани Афғонистону Покистон балки тамоми минтақа аст. Онҳо мехоҳанд, бо барангехтани муноқиша миёни Ҳинду Покистон ва ё шояд аз роҳи тавтиа ва иқдомоти терористӣ ё бесубот кардани худи Покистон, тамоми минтақаро ноамн кунанд." Роберт Гейтс – ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Деҳлӣ гуфт, баъди ҳамлаи ҳамоҳангшудаи ифротгароён ба шаҳри Мумбай дар соли 2008 Ҳинд аз худ “хештандории қотеъе” нишон додааст, вале ба гуфтаи вай, бемаънист агар чунин биандешанд, ки сабри Ҳинд маҳдуд аст.
XS
SM
MD
LG