Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нерӯи барқ боз 20 дарсад афзоиш ёфт


Тибқи қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, арзиши нерӯи барқ барои аҳолии ин кишвар аз 1-уми январи соли ҷорӣ 20 дарсад афзоиш ёфт. Яъне, агар аз моҳи августи соли ҷорӣ то кунун сокинони кишвар барои истифодаи 1 киловат-соат нерӯи барқ 7,5 дирам пардохт мекарданд, ин қиммат дар соли нав ба 9 дирам, ё дуним сенти амрикоӣ мерасад. Нархи ҳар як киловат-соат барқ барои ширкатҳои саноатии кишвар 21 дирам, вале барои ширкати алюминиюми «Талко» 8 дирам таъин шудааст.
Масъулони “Барқи тоҷик” мегӯянд, болоравии қиммати истифодаи нерӯи барқ дар соли оянда ба зарурати баргардонидани қарзҳои гирифта барои сохтмон ва таҷдиди иншооти энержӣ дар кишвар бастагӣ дорад.
Тайи ду соли ахир ин бори севвум аст, ки қиммати нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад ва дар ин муддат нархи як киловат-соат барқ ду баробар афзуда, аз 4,8 дирам то 9 дирам расидааст.
XS
SM
MD
LG