Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Тоҷикистон созишнома миёни Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар бораи эҳдоси хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасвиб кард.

Садриддин Хайриддинов, узви кумитаи энержӣ, саноат ва сохтмони Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, тасвиби созишномаи мавсум ба CASA-1000 иқдоми саривақтӣ буда, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷануби Осиёро наздиктар хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, барои иҷрои ин тарҳ тақрибан 700 миллион доллар зарур аст.

Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико гуфтаанд, ки ҳозиранд барои иҷрои ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд ...
Созишномаи мазкур бунёди хати 1000-мегаваттиро дар назар дорад, ки қарор аст, нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Покистон ва Афғонистон интиқол бидиҳад.

Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико гуфтаанд, ки ҳозиранд барои иҷрои ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд.

Тарҳи CASA-1000 бо назардошти сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ба эътибор гирифта шудааст. Бино ба гузоришҳо, ниёзи Покистон ба нерӯи барқ солона то 8 дарсад афзоиш меёбад ва Афғонистон, ки ба тадриҷ аз бесарусомониҳо раҳо мешавад, солҳои наздик ба миқдори зиёди нерӯи барқ эҳтиёҷ хоҳад дошт.

Аммо ду кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Қирғизистон, ки саршор аз захираҳои истифоданашудаи гидроэнержӣ ҳастанд, метавонанд ниёзмандиҳои Покистону Афғонистонро бароварда созанд.

Вале ин суол ҳам матраҳ аст, ки чӣ гуна Тоҷикистони мӯҳтоҷ ба нерӯи барқ дар фасли сармо метавонад ба Афғонистон ва Покистон нерӯи барқ бифурӯшад?

Мирзобек Ҳоҷиев, вакили парлумон, ба ин бовар аст, ки ин татбиқи ин тарҳ бештар барои оянда нигаронида шудааст, на имрӯз. Вай гуфт, “ин ҳам ба он маъност, ки аввал бояд ниёзмандиҳои дохилӣ таъмин гардад ва баъд аз он барқ ба фурӯш гузошта шавад. Шояд он вақт масъулин назоратро тағйир диҳанд ва вазъ беҳтар шавад”.

Аммо ин воқеият ҳам ҳаст, ки Тоҷикистон дар фасли тобистон беш аз ҳадди ниёзи худ нерӯи барқи арзон тавлид мекунад вале харидори хориҷии дилхоҳ барои он надорад.

Аввал бояд ниёзмандиҳои дохилӣ таъмин гардад ва баъд аз он барқ ба фурӯш гузошта шавад ...
Бар тибқи баъзе хабарҳо, Русия ҳам вақтҳои охир алоқамандиашро ба ин тарҳ ба гунае изҳор карда, ишора кардааст, ки метавонад бо нерӯи барқи “Сангтуда-1” вориди бозори энержии минтақа шавад.

Ҳикматтулоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ба ин назар аст, ки агар ин андеша дуруст бошад, пас Русия намехоҳад, ки аз манфиатҳои сиёсиву иқтисодии худ дар ин тарҳ бенасиб монад. Яъне барои дурнамо Русия аллакай худашро омода кардааст, ки дар сурати чунин имконият барқи “Сангтуда -1”-ро ба хориҷ интиқол диҳад.

Вале масъала ин аст, ки оё доираҳои дигар, ки дар тарҳи хатти интиқоли барқ маблағгузорӣ мекунанд, ҳавасманд ҳастанд, ки Русия дар ин тарҳ шарик бошад. Яъне ҳамшарики Тоҷикистон, ин масъалаи баҳси аст.

Ҷаноби Сайфуллоҳзода мӯтақид аст, ки доираҳои Ғарб намехоҳанд, ки дар бозори фурӯши барқ Русия шарик бошад. Ва мисли он, ки дар Аврупо фишангҳои иқтисодии хешро ба мақсадҳои сиёсӣ истифода мекунад, нашавад, ки дар ин ҷо низ Русия фишангеро дар даст дошта бошад.

Хати баландшиддати 1000-мегаватта, ки аз марзи Тоҷикистон то ба Афғонистону ва Покистон сохта мешавад, 750 километр тӯл дорад. Тарҳи мазкур бояд аз тариқи қаламрави Афғонистон Тоҷикистонро бо Покистон васл кунад.

Аммо монеаҳои зиёде барои иҷрои тарҳи мазкур вуҷуд дорад, муҳимтарини онҳо амният дар Афғонистон ва худи бозори аслӣ, яъне Покистон аст, ки ҳарду бо Толибон даст ба гиребонанд ва масоили дигар ба мисли тарҳҳои иқтисодӣ барои онҳо то ҳадде масъалаи дуввумдараҷа шудааст.
XS
SM
MD
LG