Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунёди "Мерос" ва рӯзномаи Wall Street Journal мегӯянд, аз рӯи 10 шохиси озодиҳои иқтисодӣ Тоҷикистон дар байни 183 кишвар ҷои 128-умро ишғол кард ва озодиҳои иқтисодӣ дар ин кишвар дар як соли гузашта коҳиш ёфтаанд.

Тазоди ҷолибе дар ин раддабандӣ мушоҳида шудааст, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон коҳиш, вале дар аксари давлатҳои мусулмон рушди озодиҳои иқтисодӣ ба назар расидааст.
Бояд аввал дар ҷумҳурӣ бозори қоғазҳои қиматнок ба роҳ монда мешуд ва мардум онро медиданду мефаҳмиданд...

Бархе аз коршиносон ин ҳолатро ба асари ночизи бӯҳрони молиявии ҷаҳон ба низоми бонкии кишварҳои мусулмон рабт додаанд. Аммо дар кишварҳои шӯравии пешин, қатъи назар аз низоми бонкӣ, нархи нафт ё вазъи иқтисодияшон коҳиши озодиҳои иқтисодӣ дида шудааст. Бо вуҷуди ин Ҳонг Конг, Сингопур, Австралия, Зеландияи Нав ва Иёлоти Муттаҳида чун ду соли гузашта дар садри феҳраст ва Кубаву Зимбабве ва Кореяи Шимолӣ дар охири он қарор доранд.

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи 10 шохиси озодиҳои иқтисодӣ дар байни 183 кишвар, ҷои 128-умро дар бахши поёнии феҳраст ишғол кардааст.

Пажӯҳишгарони Бунёди "Мерос" ва рӯзномаи Wall Street Journal иқрор мекунанд, ки дар як соли гузашта дар Тоҷикистон ислоҳоте марбут ба мудирияти макроиқтисодӣ ва беҳбуди фазои соҳибкорӣ ҷараён ёфта, бархе аз пешрафтҳо ҳосил шудаанд, вале фасоди моливу идорӣ, камбуди озодӣ дар сармоягузорӣ ва дахолати давлат дар умури соҳибкорӣ ин ислоҳотро камтаъсир кардаанд.

Масъалаҳое монанди эҳёи зербино, таъмини шароити бозу сабук ва шаффофи соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузориҳои беруна низ ба вазъи умумӣ таъсири манфӣ расондаанд.

ПУЛИ МУҲОҶИРОН

Дар гузориши нав гуфта мешавад, бо вуҷуди пешрафт дар хусусигардонии корхонаҳои хурду миёна, бахши хусусии иқтисодиёт дар Тоҷикистон бо суръати хеле суст бунёд меёбад. Пойбандии сахти кишвар ба пули муҳоҷирон, ки зиёда аз 45 дарсади даромади нохолиси миллиро ташкил медиҳад, баёнгари камҳаракатии иқтисодиёти дохилии Тоҷикистон аст.

Агар ба ҷои пули мардикорон, фаразан, сармоягузориҳои хориҷӣ вориди кишвар мешуд, метавонист, ба рушди иқтисодиёт замина гузорад, вале фасод, монеаҳои бюрократӣ ва мудирияти тағйирёбанда сармоягузорони ҷиддиро ба Тоҷикистон хушбин намекунанд.

Давлати Усмон
Коршиноси тоҷик, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон, Давлати Усмон мегӯяд, дарвоқеъ талошҳои кишвар ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ надодаанд: "Он сармояе, ки ворид мешавад ё шудааст, асосан сармояи кишварҳост, монанди Чин ё Эрон, аммо сармояи ширкатҳои ва ё сармояи хусусии хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳақиқат хеле кунд ворид мешавад ва сабаби асосӣ дар мушкилоти маъмурию фасоди молист."

Ҷаноби Усмон мегӯяд, даъватҳои ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо соҳибкорон рӯзи 15-уми январ, мумкин аст, ба бозгашти сармояи фирорӣ ва ҷалби сармоягузорони нав ба Тоҷикистон мусоидат кунад.

САРМОЯГУЗОРӢ

Аммо пажӯҳишгарони Бунёди "Мерос" ва рӯзномаи Wall Street Journal мегӯянд, танҳо бо даъватҳо наметавон фароянди пойдору давомдори ҷалби сармоягузориҳо ва ташкили фазои осону озоди иқтисодиро таъмин кард.

Ба ақидаи онҳо, президент Раҳмон майдони фарохи сиёсӣ надорад ва биноан ба назорати сахти ҷомеаи маданӣ пардохтааст. Талошҳои заъифи давлат дар мубориза бо фасод натиҷа надодаанд ва бархе аз онҳое, ки бояд фасодро решакан кунанд, худ даст ба фасод мезананд.

Ҳамзамон муаллифони пажӯҳиш ба ислоҳоти тадриҷӣ дар низоми бонкдории Тоҷикистон арҷ гузошта, менависанд, ин ислоҳот ба афзоиши шаффофият, таҳкими мудирият ва рӯшании қоидаҳо мусоидат кард. Аммо заъфи умумии низоми бонкӣ боқӣ монда, гуфта мешавад, нотавонии бонкҳои Тоҷикистон натавонистааст, рушди бахши хусусиро таъмин намояд.

САҲМИЯҲОИ РОҒУН

Зоҳиран, гузориш, ки бо таҳаввулоти соли гузашта маҳдуд гаштааст, маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ҳамчун як омили ҷалби сармояҳои дохилӣ ва нахустин мавриди ҳаққи моликияти шаҳрвандон ба муассисаи азим ва эҳтимоли оғози бозори сарзиндаи қоғазҳои боарзиш дар бар нагирифтааст.

Коршинос Давлати Усмон мегӯяд, кишвар метавонист, ба шеваи дигар, сармояи мардумро ба иқтисодиёт ҷалб кунад: "Бояд аввал дар ҷумҳурӣ бозори қоғазҳои қиматнок ба роҳ монда мешуд ва мардум онро медиданду мефаҳмиданд ва дувум, аввал мебоист саҳмияҳои масалан, нерӯгоҳи Норакро мебароварданду мардум медид, ки метавонад, то охири сол аз саҳмияҳои худ даромад гирад, ҳавасманд шавад. Яъне аз ҳисоби саҳмияҳои Норак мешуд, ки Роғунро сохт."

Ба ғайр аз фасод ва ислоҳоти нотамом пажӯҳишгарони Бунёди "Мерос" ва рӯзномаи Wall Street Journal низоми андоз, маҳдудиятҳои воридот, таърифҳои гуногун, фаъолияти ношаффофи гумрук ва ҳимояи заъиф аз ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, фасодзадагии додгоҳ ва татбиқи тазодомези қонунро дар Тоҷикистон аз иллатҳои коҳиши озодиҳои иқтисодӣ номидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки солҳост, соҳибкорон кӯшиш мекунанд, дар кишвар як низоми рӯшану содаи андоз ба миён ояд.

ТАЗОДИ ДИГАР

Ҳамзамон ҷаноби Усмон эътироф мекунад, ки даст ба соҳибкорӣ задан дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва агар чанд сол пеш шумораи соҳибкорони хурду миёна хеле кам буд, ҳоло ба ин адад ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад. Аммо агар ба раддабандиҳои солҳои гузашта нигоҳ кунем, ҳамзамон ба афзоиши соҳибкорон дар кишвар озодиҳои иқтисодӣ коҳиш меёбанд. Тоҷикистон дар соли 2008 дар ҳамин феҳраст дар ҷои 114-ум буд, як сол баъдаш ба ҷои 122-юм фуромад ва акнун -- 128-ум.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG