Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти ҷидди ҳизби Обама дар интихобот


Ҳизби Демократи Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, дар интихобот барои як курсии вакили сенат бар Ҳизби Ҷумҳурихоҳ шикаст хӯрд, ки мағлубияти ҷиддие барои он ҳизб маҳсуб мешавад. Курсии сенатро аз аёлати Массачусетси Амрико тайи даҳсолаҳо Эдвард Кеннедӣ сиёсатмадори марҳум ва маъруфи демократ дар даст дошт. Дар интихоботи рӯзи сешанбе Скотт Бровн – қонунгузори ҷумҳурихоҳ 52 дар сади раъйи мардуми иёлатро соҳиб шуда ва ҳМарфа Коклии демократро мағлуб кард. Акнун ҷумҳурихоҳон бо касби 41 курсӣ дар сенат қодиранд, санадҳои пешниҳодии демократҳоро рад кунад.
XS
SM
MD
LG