Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи дигаре Ҳаитиро такон дод


Як заминларзаи қавии дигари 6.1 дараҷаӣ имрӯз Ҳаитиро такон дод. Пажӯҳишгоҳи Геологии Амрико гуфт, маркази замиларза дар 57 километри шаҳри Порто Принс пойтахти Ҳаитӣ воқеъ будааст. Заминларзаи ҳашт рӯзи пеш пойтахти Ҳаитии фақиру осебпазирро вайрону валангор кард. То кунун ба гуфтаи мақомоти расмӣ 75 ҳазор нафар қурбонии заминларзаро дафн кардаанд ва теъдоди ҳалокшудагон эҳтимолан аз 100 ҳазор нафар ҳам хоҳад гузашт.
XS
SM
MD
LG