Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қимати нерӯи барқро боло бурд


Ҳукумати Тоҷикистон қиммати нерӯи барқро барои аҳолӣ 20 дар сад боло бурдааст. Аз ин пас, мардум бояд барои ҳар киловат соат нерӯи барқ, 9 дирам бипардозад, ки якуним дирам назар ба соли гузашта бештар аст. Ширкати “Барқи Тоҷик” гуфт, қимати нерӯи барқ барои корхонаҳои санъатӣ бештар аз 21 дирам ва барои муассисаҳои давлатӣ, ҳаштуним дирам муқаррар шудааст. Афзоиши қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон бар асоси барномаи ҳукумат ва тақозои созмонҳои сармоягузори он сурат мегирад, ки мегӯянд, ҳаққи нерӯи барқ Тоҷикистон назар ба кишварҳои дигар ниҳоят паст буда ва барои нигаҳдошту таҷдиди шабакаҳову нерӯгоҳҳои барқӣ кофӣ нест.
XS
SM
MD
LG