Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни шифохонаи Луганск афзуд


Вазорати ҳолатҳои изтирории Украина имрӯз эълом кард, ки теъдоди қурбониёни фалокат дар як бемористони кишвар ба 16 нафар расидааст. Рӯзи душанбе бар асари таркиши баллони оксиген дар шӯъбаи бемориҳои қалби шифохонаи шаҳри Луганск, ду табақаи бинои он фурӯ рехт. Дар рӯзи аввал мегуфтанд, ки танҳо се нафар дар ин ҳодиса ҳалок шудаанд. Имрӯз охирин қурбонии таркишро аз зери овор берун карданд.
XS
SM
MD
LG