Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди бародари генерал Мирзоев ба Тоҷикистон


Ғаффор Мирзоев як моҳ пеш аз ҳасбаш.
Ғаффор Мирзоев як моҳ пеш аз ҳасбаш.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Ҳоҷӣ Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Вазорати умури дохилӣ сабаби истирдоди Ҳоҷӣ Абдурасул Мирзоевро шарҳ дода мегӯяд, ӯ дар бархе аз ҷиноятҳое, ки Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президенти Тоҷикистон, содир кардааст, даст доштааст. Истирдоди Абдурасул Мирзоев дар ҳоле имконпазир гашт, ки Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар соли 2007 созишномаи истирдоди гумонбаршудагонро имзо карданд, Порлумони Тоҷикистон ин санадро дар моҳи апрели соли 2008 ба тасвиб расонд.

Сар аз он замон гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар мавриди истирдоди Абдурасул Мирзоев идома дошт.

Ба иттилоъи Додситонии кулли Тоҷикистон, Абдурасул Мирзоев аз рӯи парвандаи бародараш дар чанд ҷиноят муттаҳам мешавад. Ҳамчунин мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро барои қаллобӣ, напардохтани андоз ва дигар ҷиноёти иқтисодӣ мавриди кофтукоби байнулмилалӣ қарор дода буданд.

Соли 2004-ум баъд аз боздошти Ғаффор Мирзоев Додгоҳи Олии иқтисодӣ се муассиса – корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯлобро, ки ба Абдурасул Мирзоев тааллуқ доштанд, ба ихтиёри Кумитаи амволи давлатӣ баргардонда буд.

Ҳамчунин дар моҳи декабри соли 2007 мақомоти Тоҷикистон манзили зисти Абдурасул Мирзоевро дар Душанбе мусодира карданд. Абдурасул Мирзоев он вақт аз шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб тайи як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ ин мусодираро ғайриқонунӣ арзёбӣ карда, гуфта буд, хонум ва чаҳор фарзандаш дар ин манзил қонунӣ ба сар мебаранд: «Намедонам, ба чӣ асос аъзои оилаи маро дар ин зимистон аз хона берун мекунанд, дар ҳоле ки даҳ сол ба ин сӯ онҳо расман дар қайди ин хона ҳастанд»

Аммо Саидҷон Одинаев, вакили дифои Ғаффор Мирзоев дар масоили молиявӣ гуфта буд, мусодираи манзили истиқоматӣ бар асоси қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон сурат мегирад: «Аъзои оилаи Абдурасул Мирзоев дар хонае, ки тафтишот ва додгоҳ ба Ғаффор Мирзоев марбут медонанд, муваққатан ба сар мебурданд. Акнун онҳоро аз ин хона берун ва дар хонае, ки ба худи Абдурасул Мирзоев тааллуқ дорад, маскун карданд. Ин ҳам муваққатист, то даврае, ки парвандаи худи Абдурасул Мирзоев ба охир мерасад»

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев дар як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла дар ҳамдастӣ бо бародараш муттаҳам дониста мешавад. Оқои Одинаев гуфт, амволи ӯ низ тибқи ҳукми додгоҳ дар ҳабс аст ва ҳоло мақомоти тафтишотӣ як хонаи ӯро ба аъзои оилааш вогузор кардаанд.

Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди Миллӣ ва раиси Оҷонси мубориза бар маводи мухаддири назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон моҳи августи соли 2006 дар талош барои сарнагунсозии давлат тариқи ошӯби низомӣ, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва қатл муҷрим шинохта ва ба ҳабси абадӣ бо мусодираи амволаш маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG