Пайвандҳои дастрасӣ

$74 миллион кӯмаки нави Бонки Осиёии Рушд


Макото Оҷиро, раиси намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

Макото Оҷиро, раиси намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

Бонки Осиёии Рушд тасмим гирифтааст, ки дар соли 2010 барои рушди бахшҳои энержӣ ва хусусӣ дар Тоҷикистон 74 миллион доллар кӯмак кунад.

Макото Оҷиро, раиси намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз ин маблағ 40 миллион барои соҳаи энержӣ ва 34 миллиони дигар барои пешбурди бахши хусусӣ ихтисос дода мешавад.

Ҷаноби Оҷиро бо ишора ба тарҳҳои БОР гуфт, то имрӯз 30 барномаи ин созмон дар Тоҷикистон бо маблағи умумии 445 миллион доллар пиёда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, тарҳҳои Бонки Осиёии Рушд асосан соҳаҳои энержӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ ва муҳити зистро фаро мегиранд.

Бонки Осиёии Рушд яке аз созмонҳои аслии ёрирасони Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва намояндагии он аз соли 1998 дар Душанбе фаъол аст.

Танҳо тайи соли 2009 ин созмон ба Тоҷикистон маблағи 60 миллион доллар қарзҳои дарозмӯҳлат ва кӯмакҳои бебозгашт кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG