Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоидаи Яман гурӯҳи террористӣ шинохта шуд


Амрико Ал-Қоидаи Яманро гурӯҳи террористӣ шинохт. Ин иқдом ба хотири коҳиш додани пуштибонӣ аз ин гурӯҳ аст. Бовар меравад, ки талоши тарконидани ҳавопаймои мусофирбар дар масири Амстердам-Детройт дар таърихи 25 декабрро маҳз Ал-Қоидаи Яман раҳбарӣ мекард.
Иқдоми ахир алайҳи ин гурӯҳ ва раҳбаронашро вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар пайи машварат бо дигар мақомоти баландпояи маъмурияти раисиҷумҳур Барак Обама содир кардааст. Дар пайи гурӯҳи террористӣ шинохта шудани Ал-Қоидаи Яман, Амрико аз ҳар навъ талоши кӯмаки моддиву молӣ ба ин гурӯҳ ҷилавгирӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG