Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлиси Эдгар По имсол ба сари гӯри адиб наомад


Як мухлиси мармуз, ки тайи шаст соли охир дар ҳар зодрӯзаш рӯи қабри адиби маъруфи қарни 19 Эдгар Аллан По як даста гул ва коняк мегузошт, дар зодрӯзи 201-уми ин адиби шӯҳратёри амрикоӣ зоҳир нашуд.
Ҷефф Ҷером, масъули хона-музейи Эдгар По дар Балтимор, ҳамроҳ бо тақрибан 30 нафари дигар тамоми шаб мижа таҳ накарданд, ки он ҳаводори пурасрори муаллифи маъруфи қиссаҳои детективиро бубинанд. Вале ӯ аз худ дараке надод ва барои нахустин бор аз соли 1949 ба ин тараф ба сари манзили охирати адиб ҳозир нашуд.
Ҷефф Ҷером аммо гуфтааст, ӯ солҳои оянда низ дар сари қабри Эдгар По шабзиндадорӣ хоҳад кард, то он мухлиси махуфро билохира бубинад.
XS
SM
MD
LG