Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон пешниҳоди Ожонсро зоҳиран радд кардааст


Ба гуфтаи дипломатҳо, Эрон Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаиро хабардор кардааст, ки бахшҳои калидии пешниҳодаш дар бораи дар хориҷ анҷом додани ғанисозии ураниуми лозим барои фаъолияти корхонаҳои ҳастаияшро қабул намекунад. Ин пешниҳод ба хотири таскин додани нигарониҳо дар мавриди эҳтимоли барои сохтани таслиҳоти ҳастаӣ истифода шудани ин мавод ироа шуда буд.
Манобеъи дипломатӣ гуфтаанд, ки Эрон амалан ин пешниҳодро радд карда, хостори чунин як роҳҳалле шудааст, ки дар чаҳорчӯби як ҷадвали қатъии замонӣ анҷом додани содироти ураниуми ғанишудаи Эрон ба хориҷро дар бар нагирад.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филип Кровлӣ гуфт, аз сӯи Эрон зоҳиран радд шудани тарҳе, ки ҷомиаи байналмилалӣ аз он пуштибонӣ мекард, амале номутаносиб аст.
Роҳҳалли ахир моҳи октябр дар ҷараёни музокироти Эрону Ожонси ҳастаӣ ва 6 қудрати ҷаҳонӣ - Амрикову Чину Русия ва Бритониёву Фаронсаву Олмон таҳия шуда буд.
XS
SM
MD
LG