Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардиҳои шадид дар Қазоқистон


Аз Қазоқистону гузориш мерасад, ки сардии шадид боиси тавқифи ҳаракати нақлиёт дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона ва 4 вилоят и шимоли ин кишвар шудааст. Вазорати ҳолоти изтирорӣ гуфт, ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар пойтахт ва ҳамин тавр, иртиботи нақлиётӣ аз пойтахт ба вилоёт қатъ шудааст. Дар Остона ва чандин шаҳри дигар ба иллати сардӣ ҳатто макотибро ҳам бастаанд. Мақомоти Остона истифодаи мошинҳоеро, ки бо маводи сӯхти дизелӣ ҳаракат мекунанд, низ муваққатан манъ кардаанд.
Ҳарорати ҳаво дар бархе манотиқи Қазоқистон дар ин шабу рӯз то 45 дараҷа зери сифр шудааст.
XS
SM
MD
LG