Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши аҳолии Русия баъд аз 13 соли коҳиш


Русия мегӯяд, дар соли 2009 ҷамъияташ дар ҳудуди аз 15 то 25 000 нафар афзудааст. Афзоиши аҳолӣ дар Русия дар 13 соли охир бори аввал мушоҳида мешавад. Вазири беҳдошти Русия Татяна Голикова гуфт, феълан дар ин кишвар наздики 142 миллион нафар ба сар мебаранд. Хонум Голикова 4 дарсад коҳиш ёфтани мизони маргумир ва ба Русия сарозер шудани муҳоҷирони ағлаб аз кишварҳои Шӯравии собиқро аз далоили афзоиши аҳолӣ ном бурд. Ҷамъияти Русия аз соли 1995 ба ин сӯ ҳамвора рӯ ба коҳиш оварда буд.
XS
SM
MD
LG