Пайвандҳои дастрасӣ

СММ ба Ҳаитӣ нирӯи изофӣ мефиристад


Шӯрои Амнияти СММ бо иттифоқи оро аз пешниҳоди эъзоми 3500 нирӯи изофӣ ба кишвари офатзадаи Ҳаитӣ ҳимоят кард. Ирсоли ин нирӯҳо ба хотири таъмини тартибот ва ҳифзи корвонҳои кӯмакҳои башарӣ буда, онҳо ба 9 000 сарбози ҳомии сулҳ ва 3700 пулиси СММ дар Ҳаитӣ хоҳанд пайваст.
Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун гуфт, алакай дар ҳафтаи ҷорӣ ба 1 миллион мардуми Ҳаитӣ кӯмак расонда хоҳад шуд.
Як ҳайъати нирӯҳои баҳрии Амрико ҳам дар фурудгоҳи Порт-о-Принс, пойтахти Ҳаитӣ фуруд омадаанд, то заминаро барои эъзоми таҷҳизот ва нирӯи бештар фароҳам кунанд.
Давлати Ҳаитӣ мегӯяд, шумори қурбониёни заминларза алакай ба 75 000 нафар расидааст. Амрико, ИА ва мақомоти СММ мегӯянд, ҷамъи ҳалокшудагон дар ин кишвари мусибатзада метавонад ба 200 000 нафар бирасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG